Ба шарти он ки нагӯем аз он чи рафт ҳикоят.
Бар ин яке шуда будам, ки гирди ишқ нагардам,
Қазои ишқ даромад, бидӯхт чашми дироят.
Маломати мани мискин касе кунад, ки надонад,
Ки ишқ то ба чӣ ҳадд асту ҳусн то ба чӣ ғоят!
Зи ҳирси ман чӣ кушояд, ту раҳ ба хештанам деҳ
Ки чашми сайъ заиф аст бе чароғи ҳидоят.
Маро ба дасти ту хуштар ҳалоки ҷони гиромӣ,
Ҳазор бор, ки рафтан ба дигаре ба ҳимоят.
Ҷинояте, ки бикардам, агар дуруст бибошад,
Фироқи рӯи ту чандин бас аст ҳадди ҷиноят.
Ба ҳеҷ рӯй нашояд хилофи рӯи ту кардан,
Куҷо барам гила аз дасти подшоҳи вилоят?
Ба ҳеҷ сурате-андар набошад ин ҳама маънӣ,
Ба ҳеҷ сурате-андар набошад ин ҳама оят.
Камоли ҳусни вуҷудат ба васф росг наояд,
Магар ҳам оина гӯяд чунон ки ҳаст ҳикоят.
Маро сухан ба ниҳоят расиду фикр ба поён,
Ҳанӯз васфи ҷамолат намерасад ба ниҳоят.