В-аз боғи латофат гули рӯи ту кӣ чидаст?
Некӯтар аз ин мева ҳама умр кӣ хӯрдаст?
Ширинтар аз ин харбуза ҳаргиз кӣ буридаст?
Эй Хизр, ҳалолат накунам чашмаи ҳайвон,
Донӣ, ки Сикандар ба чӣ меҳнат талабидаст!
Ин хуни касе рехтаӣ ё маи сурх аст?
Ё тути сиёҳ аст, ки бар ҷома чакидаст?
Бо ҷумла даромезию аз мо бигурезӣ,
Ҷурм аз ту набошад, гунаҳ аз бахти рамидаст!
Бисёр таваққуф накунад меваи пурбор,
Чун ом бидонанд, ки ширину расидаст.
Шукр аст, ки девор ба якбор бияфтод,
То боз нагӯӣ, ки кас ин боғ надидаст.
Гул низ дар он ҳафта даҳан боз намекард,
Имрӯз насими саҳараш парда даридаст.
Рафт он ки фуқоъ аз ту кашоем дигар бор,
Моро бас аз ин кӯза, ки бегона макидаст.
Саъдӣ, дари бӯстони ҳавои дигаре зан,
В-ин кишта раҳо кун, ки дар он галла чаридаст!