Эй Боғи Ҳусн Чун Ту Ниҳоле Наёфта!

Эй боғи ҳусн чун ту ниҳоле наёфта!
Рухсораи ҷаҳон чу ту холе наёфта.
Тобандатар зи рӯи ту моҳе надида чарх,
Хупггар зи абрӯи ту ҳилоле наёфта.
Бар даври орази ту назар карда офтоб,
Худро латофатею ҷамоле наёфта.
Чархи мушаъбид аз рухи обидфиреби ту
Дар зери ҳафт парда хаёле наёфта.
Худро ба зери чангали шоҳини ишқи ту
Анқои сабри ман пару боле наёфта.
То кай зи дарди ишқи ту нолад равони ман,
Рӯзе ба лутф аз ту мисоле наёфта?
Афтода дар забони халоиқ ҳадиси ман,
Бо ту ба як ҳадис маҷоле наёфта.
Зоил шавад ҳар он чи бакуллй камол ёфт,
Умрам завол ёфт камоле наёфта.
Гулбарги айши ман ба чӣ уммед бишкуфад
Аз бӯстони васл шамоле наёфта?
Саъдй ҳазор ҷома ба рӯзе қабо кунад,
Як меҳрубонй аз ту ба соле наёфта!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *