Ба ҳам нишастану халвои оштй хӯрдан!
Ба рӯзгори азизон, ки рӯзгори азиз
Дареғ бошад бе дӯстон ба сар бурдан!
Агар ҳазор чафо сарвкомате бикунад,
Чу худ биёяд, узраш бибояд овардан.
Чи шукр гӯямат, эй боди мушкбӯи висол,
Ки бӯстони умедам бихост пажмурдан!
Фироки рӯи ту он рӯз нафс куштан буд,
Назар ба рӯи ту имрӯз – рӯз парвардан!
Касе, ки қимати айёми васл нашносад,
Бибоядаш ду-се рӯзе муфориқат кардан.
Агар саре биравад бегуноҳ дар пое,
Ба хурдае зи бузургон нашояд озурдан.
Ба тозиёна, гирифгам, ки бедиле бизанӣ,
Куҷо тавонад рафтан каманд дар гардан?
Камоли шавқ надоранд ошиқони сабур,
Ки эҳтимол надорад бар оташ афсурдан.
Гар одамисифатӣ, Саъдиё, ба ишқ бимир,
Ки мазҳаби ҳаявон аст ҳамчунин мурдан!