(ба хотираи бобоям – мударриси мадраса, Эшони Саид Алломхон мебахшам)
Мардумон ҳар сол ҳар ҷо мераванд,
Бар ҳама ақсои дунё мераванд,
Гаҳ хаёлан то Сурайё мераванд,
Ман, вале бар шаҳри дилҳо меравам,
Бар Самарқанду Бухоро меравам!
Хоҷа Хурдак аз Самарқанди қадим,
Порсигӯ буд ҳамчу Салмони ҳаким,
То шавам меҳмони ду шаҳри азим,
Оқибат, бар шаҳри дилҳо меравам,
Бар Самарқанду Бухоро меравам!
Номи поки Ал-Бухорӣ зинда бод,
Обрӯяш ҳамчунон поянда бод!
Ҳам замини Порсро оянда бод,
Воқеъан, бар шаҳри дилҳо меравам,
Бар Самарқанду Бухоро меравам!
Орзӯ дорам зи даври кӯдакӣ,
Кош, бинам марзу буми Рӯдакӣ,
Бӯи Ҷӯи Мӯлиёнгӯён яке,
Воқеъан, бар шаҳри дилҳо меравам,
Бар Самарқанду Бухоро меравам!
Ғоибона, дӯст медорам чунон,
Меҳри беандозаам бод армуғон,
Ошкоро кардам ин рози ниҳон,
Воқеъан, бар шаҳри дилҳо меравам,
Бар Самарқанду Бухоро меравам!
Бас Бухоро шаҳри Бобои ман аст ,
Давлати имрӯзу фардои ман аст,
Хоки покаш асли маъвои ман аст,
Воқеъан, бар шаҳри Бобо меравам,
Бар Самарқанду Бухоро меравам!
(Vojidi Ashti)
23.08 . 202l