Намегирад ягон аккос ин ҳолат ягон аксам.
Магар селфӣ?
Аз ин якдастагӣ кайҳост безорам,
Ки ман ҳам одамам охир, алам дорам!
Фақат борон, ки дар чашмам панаҳ медорад ашкамро,
Намедонанд бархе ин, ки боронист рухсорам.
Бале, ман дар ниҳонгоҳи лаби пурхандаам гоҳе,
Баҷоӣ гиряҳо дорам…
Фақат шохи гулолуда, ҳамехандад чи осуда,
Ва мегуяд :«Бубин, сар то ба по бо қатраҳои резаборон ҳастам олуда.
Ба рағми ин фазои хуби боронӣ
Фақат чанд рўз мемонам, ту медонӣ?!»
Ва ман бар қасди ин соат, аз ин ҳолат бипарҳезам,
Ба рағми ин ҳама дилхастагӣ аз ҷой мехезам.
Ба кўча медавам, охир ба сони ташнае, оре,
Вузӯ мегирад аз борон тану ҷони гунаҳкоре…Sh.R