Хиёбонгарди танҳо бар хаёлам аз чи меойӣ?
Ҳамин ҳоло ки аз дунё малолам, аз чи меойӣ?
Сазои ҳолати ҳардампарешонам, ки беҳолист,
Ба меъроҷи тамошои заволам, аз чи меойӣ?
Ҳарири пардаро бардор, имшаб ошкорам кун,
Ба чашми бастаи худ бар висолам аз чи меойӣ?
Бароят месароям, орзу дорам, ки баргардӣ,
Агар имшаб нагирям ё нанолам, аз чи меойӣ?
Ман аз гоми дигар мехонам, оре, нотаи “ре”*, бас !
Ба рӯи пардаи ушшоқ “сол”*-ам, аз чи меойӣ?
Гар оташ будам акнун ахгарам, хокистарам, оҳам,
Алов охир шуд охир, ай шамолам, аз чи меойӣ?
Ту мепурсӣ, биёӣ ё бимонӣ, аҳ намедонам,
Худат медонӣ, аммо бар саволам аз чи меойӣ?
Хиёбонгарди ман, аз мо таваққуфгоҳ мепурсӣ?
Надидӣ аз бари рӯ нуқтахолам? Аз чи меойӣ?!
2.12.2019 с 18:03