Бо чӣ таъмир кунам он пайи нохун, аммо.
То ба Наврӯз фақат хонатаконӣ дорам,
Кинаҳоро бибарам то дили Ҷайҳун, аммо.
Ҷон ба зери қадами дӯст, ки ӯ нохунакист,
Месупурдем, нашуд ҳадя ба мо нон, аммо
Мебарам бар дари ӯ нони мурувват аз ҷон,
То ки имон-ш биларзад чу мусулмон, аммо.
Афв кардам ҳамаро, худ, ки зи авфи абадӣ,
Мерасам бар дари оромиши ин дил, аммо.
Авф кардан, ки бувад одати мардони қавӣ,
Шамъи бахшандагӣ афрӯхт ба маҳфил, аммо… Sh.R.
————
Баҳор муборак!