Бе ту

Бе ту
дилам ба ҳоли худам сахт месӯзад,
Ки дар азоби тифли аз даҳан кашидаи пистонам.
Ва ё шабеҳи пора-пораи ях дар набарди чакраву хамгашти новадонам,
Шабеҳи зимистонам.

Бе ту,
Нигоҳи гушна бар аробачаи дасти нонфурӯши хиёбонам.
Ва ё мисоли ташна дар ҳаваси дидани сароби биёбонам.
Ва ё ба сони як аҷӯза дар миёни дашти хирмани гандум,
Захирабонам!

Бе ту мисоли барги зардгашта зери пойи нокасон,
Барои тӯдаи гургони гушна тӯъмаи кашол ба дарахтонам.
Ба чашми мардҳои нодида ,арӯси шабистонам,
Дар кӯча,
дар асорати боронам…Sh.R

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *