Асорати муҳоҷир.

Асорати муҳоҷир.

Дар асорат мондаам,
Доманам дар дасти хор.
Остинамро дарахти хор асир бинмудааст,
Хунчакон ангуштҳоям,
Лолазор.

Деҳаи хурдеву дур аз чашмҳо,
Дар мулки Рус.
Бешиноснома, яке марди муҳоҷир дар асорат мондааст.
Номи ӯ буда Муҳаммад,
Миша номаш кардаанд.
Хурданияш ним қадаҳ заҳри арақ,
Нима нони сип-сиёҳ,
Сахт ромаш кардаанд.
Фасли сармо, фасли дай,
Ҷойхобаш дар “сарай”.
Нимаи ҷигар ба коми заҳри май…
Рўзгораш дасти як бераҳм, рус
Мегирад оҳиста аз лабҳои марги бемаҳал бус…
Тобуташ омад ба сар,то пеши модар.

Дар асорат мондаам.
Остинамро раҳо кардам , вале
Доманам дасти дарахти хор асир афтодааст,
Дастгирам кардааст ин як дарахт,
Сахти сахту сахти сахт…Sh.R

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *