Боз ҳам ёд

Боз ҳам ёд

Инак…
Баъди ҳазорон имтиҳон охир,
Дар ин пайроҳаи тақдир.
Дар ин роҳе, ки бе ту хурдаам сад тир,
Ту аз ман меравӣ имрўз.
Наандешида бе ту мешавам маъюс,
Наяндешида бе ту мешавам дилгир.

Ту аз ман меравӣ эй он, ки қарни пеш рафтиву
Вале ҳолу ҳавои ту.
Вале фоли вафои ту,
Дурўг буду набудӣ аз барои ман,
Ту рафтиву кунун сар мезанад кори хатои ман.

Нафасро мебарб охир,
Ҳавасро мебарӣ охир.
Қанории хаёлат будаму, аммо
Қафасро мешканӣ охир.

Ту, эй девонаи дар нақши дил, эй вой,
Ту эй, ки синамои дил ҳамеша интихоби иштибоҳеро.
Ҳама њоли табоњеро,
Ҳама андуҳу оҳеро.
Ҳама рўзи сиёҳеро,
Фақат аз нақши ту меҷўст.
Дар ин шаҳр аз ту бўе, нақши рў меҷўст,
Ва имдоде ба вақти гуфтугў меҷўст.

Ту аз ман меравӣ имрӯз?
Бирав, аммо дар он ғурбат,
Касе чун ман адоят нест.
Касе дар нимараҳ чун резаи ноне нахоҳад ҷуст, эй ғофил,
Турову чун гадоят нест.
Бирав, аммо бидон оворагӣ ҳаргиз,
Давои дур рафтан нест.
Ва ё магғрур рафтан нест,
Ба ин дард охири ман ё ту ҳаргиз то сукути гўр рафтан нест,
Нарав, охир намеёбӣ канори дигаре девонагӣ ҳаргиз! Ш.Р

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *