Ту медонӣ чи оҳангест ин оҳанг?
Ман инҷо мисли як хунёгаре ғамгин
Ки дар чашмам тамоми шаҳр беранг
Шабеҳи “бомж” аз пайроҳаи холӣ
Ман ин ҷо баргҳои меҳрро ҷӯям
Намеёбам якеро мисли худ танҳо
Ки то аз ғурбатам бо ӯ сухан гӯям
Дар ин ҷо баъди борон ҳам намемирад
Ғубору гарди бепарвоӣ, беморӣ
Ҳама саргарми кори хешу, мемирам
Ман ин ҷо аз ҳуҷуми дарди бекорӣ.
Нафасгирам дар ин ғурбат,дар Омрико
Душанберо ба ҷонам дӯст медорам
Ба худ овардаам як дона барги сабз
Ки рӯяш ашки талхи ҳаҷр меборам
Ба оҳанги сафар мерақсам аз шодӣ
Бубастам оқибат бори сафар, оре
Гитор, овои баргашти маро бинвоз
Ҳамон оҳанги
касдорӣ,
ватандорӣ,
ватандорӣ!!!
11.10.2017 Лос Анҷелес