Як-Ду Ҷомам Дӣ Саҳаргаҳ Иттифоқ Афтода Буд,

Як-ду ҷомам дӣ саҳаргаҳ иттифоқ афтода буд,
В-аз лаби соқӣ шаробам дар мазоқ афтода буд.
Аз сари масти дигар бо шоҳиди аҳди шабоб,
Раҷъате мехостам, лекин талоқ афтода буд.
Дар мақомоти тариқат ҳар куҷо кардем сайр,
Офиятро бо назарбозӣ фироқ афтода буд.
Соқиё, ҷоми дамодам деҳ, ки дар сайри тариқ
Ҳар кӣ ошиқваш наёмад, дар нифоқ афтода буд.
Эй муаббир, муждае фармо, ки дӯшам офтоб,
Дар шакархоби сабӯҳӣ ҳамвисоқ афтода буд.
Нақш мебастам, ки гирам гӯшае з-он чашми маст,
Тоқату сабр аз ҳами абрӯш тоқ афтода буд,
Гар накардӣ Нусратуддин шоҳи Яҳё аз карам,
Кори мулку дин зи назму иттисоқ афтода буд.
Ҳофиз он соат, ки ин назми парешон менавишт,
Тоири фикраш ба доми иштиёқ афтода буд.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *