Эй, Ки Доим Ба Хеш Мағрурӣ,

Эй, ки доим ба хеш мағрурӣ,
Гар туро ишқ нест, маъзурӣ
Гирди девонагони ишқ мегард,
Ки ба ақлу ақила машҳурӣ.
Мастии ишқ нест дар сари ту,
Рав, ки ту масти оби ангурӣ.
Рӯи зард асту оҳи дардолуд,
Ошиқонро давои ранҷурӣ.
Бигзар аз ному нанги худ, Ҳофиз,
Соғари май талаб, ки махмурӣ.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *