Фурсатат бод, ки девонанавоз омадаӣ!
Соате ноз мафармову бигардон одат,
Чун ба пурсидани арбоби ниёз омадаӣ.
Пеши болои ту мирам чи ба сулҳу чи ба ҷанг,
Чун ба ҳар ҳол барозондаи ноз омадаӣ.
Обу оташ ба ҳам омехтаӣ аз лаби лаъл,
Чашми бад дур, ки бас шӯъбадабоз омадаӣ.
Офарин бар дили нарми ту, ки аз баҳри савоб,
Куштаи ғамзаи худро ба намоз омадаӣ.
Зӯҳди ман бо ту чӣ санҷад, ки ба яғмои дилам
Масту ошуфта ба хилватгаҳи роз омадаӣ.
Гуфт: «Ҳофиз, дигарат хирқа шароболуд аст,
Магар аз мазҳаби ин тоифа бозомадаӣ?»