Эй Шоҳиди Қудсӣ, Кӣ Кашад Банди Ниқобат

Эй шоҳиди қудсӣ, кӣ кашад банди ниқобат
В-эй мурғи биҳиштӣ, кӣ диҳад донаву обат?
Хобам бишуд аз дида, дар ин фикри ҷигарсӯз,
К-оғӯши кӣ шуд манзили осоишу хобат?
Дарвеш намепурсиву тарсам, ки набошад
Андешаи омурзишу парвои савобат.
Роҳи дили ушшоқ зад он чашми хуморӣ,
Пайдост аз ин шева, ки маст аст шаробат.
Тире, ки задӣ бар дилам аз ғамза, хато рафт,
То боз чӣ андеша кунад рои савобат.
Ҳар нолаву фарёд, ки кардам, нашунидӣ,
Пайдост, нигоро, ки баланд аст ҷанобат.
Дур аст сари об аз ин бодия, ҳуш дор,
То ғӯли биёбон нафиребад ба саробат.
То дар раҳи пирӣ ба чӣ ойин равӣ, эй дил,
Боре ба ғалат сарф шуд айёми шабобат.
Эй қасри дилафрӯз, ки манзилгаҳи унсӣ,
Ё раб, макунод офати айём харобат.
Ҳофиз на ғуломест, ки аз хоҷа гурезад,
Лутфе куну боз о, ки харобам зи итобат.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *