Бингар, ки аз куҷо ба куҷо мефиристамат.
Ҳайф аст тоире чу ту дар хокдони ғам,
3-ин ҷо ба ошёни вафо мефиристамат.
Дар роҳи ишқ марҳалаи қурбу бӯъд нест,
Дар сӯҳбати шамолу сабо мефиристамат.
То лашкари ғамат накунад мулки дил хароб,
Ҷони азизи худ ба наво мефиристамат.
Эй ғоиб аз назар, ки шудӣ ҳамнишини дил,
Мегӯямат дуову сано мефиристамат.
Дар рӯи худ тафарруҷи сунъи худой бин,
К-оинаи худойнамо мефиристамат.
То мутрибон зи шавқи манат огаҳӣ диҳанд,
Қавлу ғазал ба созу наво мефиристамат.
Соқӣ, биё, ки ҳотифи ғайбам ба мужда гуфт:
«Бо дард сабр кун, ки даво мефиристамат».
Ҳофиз, суруди маҷлиси мо зикри хайри туст,
Биштоб ҳон, ки асбу қабо мефиристамат.