Бозо, ки рехт бе гули рӯят баҳори умр.
Аз дида гар сиришк чу борон равад, равост,
К-андар ғамат чу барқ бишуд рӯзгори умр.
Ин як-ду дам, ки мӯҳлати дидор мумкин аст,
Дарёб кори мо ки на пайдост кори умр.
То кай маи сабӯҳу шакархоби бомдод?
Ҳушёр гард, ҳон, ки гузашт ихтиёри умр.
Дӣ дар гузор буду назар сӯи мо накард,
Бечора дил, ки ҳеч надид аз гузори умр.
Андеша аз муҳити фано нест ҳар киро
Бар нуқтаи даҳони ту бошад мадори умр.
Дар ҳар тараф зи хайли ҳаводис камингаҳест,
3-он рӯ инон гусиста давонад савори умр.
Бе умр зиндаам ману з-ин бас аҷаб мадор,
Рӯзи фироқро кӣ ниҳад дар шумори умр?
Ҳофиз, сухан бигӯй, ки бар сафҳаи ҷаҳон.
Ин нақш монад аз қаламат ёдгори умр.