Эй Фурӯғи Моҳи Ҳусн Аз Рӯи Рахшони Шумо!

Эй фурӯғи моҳи ҳусн аз рӯи рахшони шумо!
Обрӯи хубӣ аз чоҳи занаҳдони шумо!
Азми дидори ту дорад ҷони барлабомада,
Бозгардад ё барояд, чист фармони шумо?
Кас ба даври наргисат тарфе набаст аз офият,
Беҳ, ки нафрӯшанд мастурӣ ба мастони шумо.
Бахти хоболуди мо бедор хоҳад шуд магар,
3-он, ки зад бар дида обе рӯи рахшони шумо!
Бо сабо ҳамроҳ бифрист аз рухат гулдастае,
Бӯ, ки бӯе бишнавем аз хоки бӯстони шумо.
Умратон боду мурод, эй соқиёни базми Ҷам,
Гарчи ҷоми мо нашуд пурмай ба даврони шумо.
Дил харобӣ мекунад, дилдорро огаҳ кунед,
Зинҳор, эй дӯстон, ҷони ману ҷони шумо!
Кай диҳад даст ин ғараз, ё раб, ки ҳамдастон шаванд
Хотири маҷмӯъи мо, зулфи парешони шумо?
Дур дор аз хоку хун доман, чу бар мо бигзарӣ,
К-андар ин раҳ гашта бисёранд қурбони шумо.
Мекунад Ҳофиз дуое, бишнав, омине бигӯ:
Рузии мо бод лаъли шаккарафшони шумо!
Эй сабо, бо соқинони шаҳри Язд аз мо бигӯ,
К-эй сари ҳақношиносон гӯи чавгони шумо.
Гарчи дурем аз бисоти қурб, ҳиммат дур нест,
Бандаи шоҳи шумоему санохони шумо.
Эй шаҳаншоҳи баландахтар, Худоро, ҳиммате,
То бибӯсам ҳамчу ахтар хоки айвони шумо.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *