Эй Сабо, Накҳате Аз Кӯи Фалонӣ Ба Ман Ор,

Эй сабо, накҳате аз кӯи фалонӣ ба ман ор,
Зору бемори ғамам, роҳати ҷоне ба ман ор!
Қалби беҳосили моро бизан иксири мурод,
Яъне аз хоки дари дӯст нишоне ба ман ор!
Дар камингоҳи назар бо дили хешам чанг аст,
3-абруи ғамзаи ӯ тиру камоне ба ман ор!
Дар ғарибиву фироқу ғами дил пир шудам
Соғари май зи кафи тозаҷавоне ба ман ор!
Мункиронро ҳам аз ин май ду-се соғар бичашон,
Вагар эшон наситонанд, равоне ба ман ор!
Соқиё, ишрати имрӯз ба фардо мафиган,
Ё зи девони қазо хатти амонӣ ба ман ор!
Дилам аз даст бишуд дӯш, ки Ҳофиз мегуфт,
К: — Эй сабо, накҳате аз кӯи фалонӣ ба ман ор!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *