Бӯса зан бар хоки он водиву мушкин кун нафас.
Манзили Салмо, ки бодаш ҳар дам аз мо сад салом,
Пурсадои сорбонон биниву бонги ҷарас.
Маҳмили ҷонон бибӯс, он гаҳ ба зорӣ арза дор,
К-аз фироқат сӯхтам, эй меҳрубон, фарёд рас!
Ман, ки қавли носеҳонро хондамӣ қавли рубоб,
Гушмоле дидам аз ҳиҷрон, ки инам панд бас.
Ишрати шабгир кун, май нӯш, к-андар роҳи ишқ
Шабравонро ошноиҳост бо мири асас.
Ишқбозӣ кори бозӣ нест, эй дил, сар бисоз,
3-он, ки гӯи ишқ натвон зад ба чавгони ҳавас.
Дил ба рағбат месупорад ҷон ба чашми масти ёр,
Гарчи ҳушёрон надоранд ихтиёри худ ба кас.
Тӯтиён дар шаккаристон комронӣ мекунанд,
В-аз таҳассур даст бар сар мезанад мискин магас.
Номи Ҳофиз гар барояд бар забони килки дӯст,
Аз ҷаноби хазрати шоҳам бас аст ин мултамас.