Салсабилат карда ҷону дил сабил.
Сабзпӯшони хатат бар гирди лаб,
Ҳамчу мӯҳронанд гирди Салсабил.
Новаки чашми ту дар ҳар гӯшае,
Ҳамчу ман афтода дорад сад қатил.
Ё раб, ин оташ, ки дар ҷони ман аст,
Сард кун з-он сон, ки кардӣ бар Халил.
Ман намеёбам маҷол, эй дӯстон,
Гарчи дорад ӯ ҷамоле бас ҷамил.
Пои мо ланг асту манзил бас дароз,
Дасти мо кӯтоҳу хурмо бар нахил.
Шоҳи оламро бақову иззу ноз
Боду ҳар чизе, ки бошад з-ин қабил.
Ҳофиз аз сарпанҷаи ишқи нигор
Ҳамчу мӯр афтода шуд дар пои пил.