Эй Рӯи Моҳманзари Ту Навбаҳори Ҳусн,

Эй рӯи моҳманзари ту навбаҳори ҳусн,
Холу хати ту маркази лутфу мадори ҳусн.
Дар чашми пурхумори ту пинҳон фусуни сеҳр,
Дар зулфи беқарори ту пайдо қарори ҳусн.
Моҳе натофт ҳамчу ту аз бурҷи некуӣ,
Сарве нахост чун қадат аз ҷӯйбори ҳусн.
Хуррам шуд аз малоҳати ту аҳди дилбарӣ,
Фаррух шуд аз латофати ту рӯзгори ҳусн.
Аз доми зулфу донаи холи ту дар ҷаҳон
Як мурғи дил намонд нагашта шикори ҳусн.
Доим ба лутф дояи табъ аз миёни ҷон
Мепарварад ба ноз туро дар канори ҳусн.
Гирди лабат бунафша аз он тозаву тар аст,
К-оби ҳаёт мехӯрад аз чӯйбори ҳусн.
Ҳофиз тамаъ бурид, ки бинад назири ту,
Дайёр нест ғайри ту андар диёри ҳусн.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *