Аҳволи гул ба булбули дастонсаро бигӯ!
Мо маҳрамони хилвати унсем, ғам махӯр,
Бо ёри ошно сухани ошно бигӯ!
Бар ҳам чу мезад он сари зулфайни мушкбор,
Бо мо сари чӣ дошт, зи баҳри худо, бигӯ?
Ҳар кас, ки гуфт хоки дари дӯст тӯтиёст,
Гӯ, ин сухан муоина дар чашми мо бигӯ!
Он кас, ки манъи мо зи харобот мекунад,
Гӯ, дар ҳузури пири ман ин моҷаро бигӯ.
Гар дигарат бар он дари давлат гузар бувад,
Баъд аз адои хидмату арзи дуо бигӯ:
Ҳарчанд мо бадем, ту моро бад-он магир,
Шоҳона моҷарои гуноҳи гадо бигӯ.
Бар ин фақир номаи он мӯҳташам бихон,
Бо ин гадо ҳикояти он подшо бигӯ.
Ҷонҳо зи доми зулф чу бар хок мефишонд,
Бар он ғариби мо чӣ гузашт, эй сабо, бигӯ?
Ҷонпарвар аст қиссаи арбоби маърифат,
Рамзе бирав, бипурсу ҳадисе, биё, бигӯ.
Ҳофиз, гарат ба маҷлиси ӯ роҳ медиҳанд,
Май нӯшу тарки зарқ барои худо бигӯ.