Мушки сиёҳ миҷмарагардони холи ту.
Саҳни сарои дида бишустам, вале чӣ суд,
К-ин гӯша нест дархӯри хели хаёли ту.
Дар авҷи нозу неъматӣ, эй подшоҳи ҳусн,
Ё раб, мабод то ба қиёмат заволи ту!
Матбӯътар зи нақши ту сурат набаст боз
Туғронависи абруи мушкинмисоли ту.
Дар чини зулфаш, эй дили мискин, чӣ гунаӣ,
К-ошуфта гуфт боди сабо шарҳи ҳоли ту?
Бархост бӯи гул, зи дари оштӣ дарой
Эй навбаҳори мо рухи фархундафоли ту!
То осмон зи ҳалқабагӯшони мо шавад,
Ку ишвае зи абруи ҳамчун ҳилоли ту?
То пеши бахт боз равам таҳнияткунон,
Ку муждае зи мақдами иди висоли ту?
Ин нуқтаи сиёҳ, ки омад мадори нур,
Аксест дар ҳадиқаи биниш зи холи ту.
Дар пеши шоҳ арзи кадомин чафо кунам:
Шарҳи ниёзмандии худ ё малоли ту?
Ҳофиз, дар ин каманд сари саркашон басест,
Савдои каҷ мапаз, ки набошад маҷоли ту.