Эй Дар Чамани Хубӣ Рӯят Чу Гули Худрӯ,

Эй дар чамани хубӣ рӯят чу гули худрӯ,
Чини шикани зулфат чун нофаи Чин хушбӯ
Моҳ аст рухат ё рӯз, мушк аст хатат ё шаб,
Сим аст барат ё оҷ санг аст дилат ё рӯ?
Лаълат ба дури дандон бишкаст лаби писта,
Зулфат ба хами чавгон бирбуд дилам чун гӯ.
Он роиҳаи зулфат ё лахлахаи анбар,
Ё ғолия месояд дар боғча ҳусни ӯ?
Гуфтӣ сухани худро бо ёр бибояд гуфт,
Эй кош муяссар буд гуфтан сухане бо ӯ!
Бадгӯи ту он бошад, к-аз ёр кунад манъат,
Гар ёр накӯ бошад, машнав сухани бадгӯ.
Бо мо беҳ аз ин мебош, то роз нагардад фош,
Набвад бад, агар бошӣ бо дилшудагон некӯ.
Устоди ғазал Саъдист пеши ҳама кас, аммо
Дорад сухани Ҳофиз тарзи сухани Хоҷу.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *