Эй Ғоиб Аз Назар, Ба Худо Месупорамат,

Эй ғоиб аз назар, ба Худо месупорамат,
Ҷонам бисӯхтиву ба дил дӯст дорамат.
То домани кафан накашам зери пои хок,
Бовар макун, ки даст зи доман бидорамат.
Меҳроби абруят бинамо, то саҳаргаҳӣ,
Дасти дуо барораму дар гардан орамат.
Гар боядам шудан сӯи Ҳорути Бобулӣ,
Садгуна ҷодуӣ бикунам, то биёрамат.
Ҳоҳам, ки пеш мирамат, эй бевафо табиб,
Бемор бозпурс, ки дар интизорамат.
Сад ҷӯй об бастаам аз дида дар канор,
Бар бӯи тухми меҳр, ки дар дил бикорамат.
Хунам бирехт в-аз ғами ишқам халос дод,
Минатпазири ғамзаи ханҷаргузорамат.
Мегиряму муродам аз ин сели ашкбор
Тухми муҳаббат аст, ки дар дил бикорамат.
Борам деҳ аз карам сӯи худ, то ба сӯзи дил
Дар пой дам ба дам гуҳар аз дида борамат.
Ҳофиз, шаробу шоҳиду риндӣ, на вазъи туст,
Филҷумла мекуниву фурӯ мегузорамат.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *