Эй Боди Сабо, Бигзар З-Он Ҷо, Ки Ту Медонӣ,

Эй боди сабо, бигзар з-он ҷо, ки ту медонӣ,
Аҳволи дилам баргӯ онҳо, ки ту медонӣ.
Дар пардаи асрораш ҳар гаҳ ки шавам маҳрам,
Сарбаста бигӯ аз мо онро, ки ту медонӣ.
Чун ҷавру ҷафояшро дидӣ, ки зи ҳад бигзашт,
Биншину баён фармо з-он ҷо, ки ту медонӣ.
Дарди дили решамро, чун нест даво пайдо,
Лутфе куну дармонаш фармо, ки ту медонӣ.
Чун сурмаи биной дар дида кашам гарде,
Гар боди сабо орад з-он ҷо, ки ту медонӣ.
Гуфтам: «Зи лабат бӯсе, в-аз Ҳофизи мискин ҷон!
Ҳастӣ ту бад-ин розӣ?» Гуфто, ки: «Ту медонӣ!».
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *