Эй Боди Насим Ёр Дорӣ,

Эй боди насим ёр дорӣ,
3-он нафҳаи мушкбор дорӣ.
Зинҳор макун дароздастӣ,
Бо турраи ӯ чӣ кор дорӣ?
Эй гул, ту куҷову рӯи зебош?
Ӯ мушку ту хор бор дорӣ.
Райҳон ту куҷову хатти сабзаш,
ӯ тозаву ту ғубор дорӣ.
Наргис ту куҷову чашми масташ,
ӯ сархушу ту хумор дорӣ.
Эй сарв, ту бо қади баландаш,
Дар боғ чӣ эътибор дорӣ?
Эй ақл, ту бо вуҷуди ишқаш
Дар даст чӣ ихтиёр дорӣ?
Рӯзе бирасӣ ба васл, Ҳофиз,
Гар тоқати интизор дорӣ.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *