Зоҳидонро рахна дар имон кунанд.
Ҳар куҷо он шохи наргис бишкуфад,
Гулрухонаш дида наргисдон кунанд.
Эй ҷавони сарвқад, гӯё бизан,
Пеш аз он, к-аз қоматат чавгон кунанд.
Ошиқонро бар сари худ ҳукм нест,
Ҳар чӣ фармони ту бошад, он кунанд.
Пеши чашмам камтар аст аз қатрае
Он ҳикоятҳо, ки аз тӯфон кунанд.
Ёри мо чун гирад оғози симоъ,
Қудсиён бар арш дастафшон кунанд.
Мардуми чашмам ба хун оғушта шуд,
Дар куҷо ин зулм бар инсон кунанд?
Хуш баро бо ғусса, эй дил, к-аҳли роз
Айши хуш дар бутаи ҳиҷрон кунанд.
Сар макаш, Ҳофиз, зи оҳи ними шаб,
То чу субҳат оина рахшон кунанд,