Шоҳид Он Нест, Ки Мӯеву Миёне Дорад,

Шоҳид он нест, ки мӯеву миёне дорад,
Бандаи талъати он бош, ки оне дорад.
Шеваи хуру парӣ гарчи латиф аст, вале
Хубӣ он асту латофат, ки фалонӣ дорад.
Чашмаи чашми маро, эй гули хандон, дарёб,
Ки ба уммеди ту хуш оби равоне дорад.
Гӯи хубӣ кӣ барад аз ту, ки хуршед он ҷо
На саворест, ки дар даст иноне дорад.
Дилнишон шуд суханам, то ту қабулаш кардӣ,
Оре-оре, сухани ишқ нишоне дорад.
Хами абрӯи ту дар санъати тирандозӣ
Бурда аз даст ҳар он кас, ки камоне дорад.
Дар раҳи ишқ нашуд кас ба яқин маҳрами роз,
Ҳар касе бар ҳасаби хеш гумоне дорад.
Бо хароботнишинон зи каромот малоф,
Ҳар сухан вақтеву хар нуқта маконе дорад.
Мурғи зирак нашавад дар чаманаш нағмасароӣ
Ҳар баҳоре, ки зи дунбол хазоне дорад.
Муддаӣ, гӯ, луғазу нукта ба Ҳофиз мафурӯш,
Килки мо низ забоневу баёне дорад.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *