Шаҳрест Пурзарифон В-Аз Ҳар Тараф Нигоре,

Шаҳрест пурзарифон в-аз ҳар тараф нигоре,
Ёрон, салои ишқ аст, гар мекунед коре.
Чашми фалак набинад з-ин турфатар ҷавоне,
Дар дасти кас наяфтад з-ин хубтар шикоре.
Ҳаргиз, кӣ дида бошад ҷисме зи ҷон мураккаб?
Бар доманаш мабодо з-ин хокиён ғуборе!
Чун ман шикастаеро аз пеши худ чӣ ронӣ,
К-ам ғояти таваққӯъ бӯсест ё каноре.
Май беғаш аст, биштоб, вақте хуш аст, дарёб,
Соли дигар кӣ дорад уммеди навбаҳоре?
Дар бӯстон ҳарифон монанди лолаву гул,
Ҳар як гирифта ҷоме бар ёди рӯи ёре.
Чун ин гиреҳ кушоям в-ин роз чун намоям?
Дардеву сахт дарде, кореву саъб коре!
Ҳар тори мӯи Ҳофиз дар дасти зулфи шӯхе,
Мушкил тавон нишастан дар ин чунин диёре
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *