Ки зиракони ҷаҳон аз камандашон нараҳанд.
Ман арчи ошиқаму ринду масту номасиёҳ,
Ҳазор шукр, ки ёрони шаҳр бегунаҳанд.
Ҷафо на пешаи дарвешӣ асту роҳравӣ,
Биёр бода, ки ин соликон на марди раҳанд.
Мабин ҳақир гадоёни ишқро, к-ин қавм,
Шаҳони бекамару хусравони бекулаҳанд.
Ба ҳуш бош, ки ҳангоми боди истиғно
Ҳазор хирмани тоат ба ним ҷав наниҳанд.
Макун ки кавкабаи дилбарӣ шикаста шавад,
Чу бандагон бигурезанду чокарон биҷаҳанд.
Ғуломи ҳиммати дурдикашони якрангам,
На он гурӯҳ, ки азрақлибосу дилсияҳанд.
Қадам манеҳ ба харобот, ҷуз ба шарти адаб,
Ки соқинони дараш маҳрамони подшаҳанд.
Ҷаноби ишқ баланд- аст, ҳиммате, Ҳофиз,
Ки ошиқон раҳи беҳимматон ба худ надиҳанд.