Шамамту Рӯҳа Видодин Ва Шимту Барқа Висол,

Шамамту рӯҳа видодин ва шимту барқа висол,
Биё, ки бӯи туро мирам, эй насими шамол!
Уҳодиян ба ҷамол-ил-ҳабиби қиф ва-нзил,
Ки нест сабри ҷамилам зи иштиёқи ҷамол.
Ҳикояти шаби ҳиҷрон фурӯ гузошта беҳ,
Ба шукри он, ки барафганд парда рӯзи висол.
Биё, ки пардаи гулрези ҳафт хонаи чашм
Кашидаем ба таҳрири коргоҳи хаёл.
Чу ёр бар сари сулҳ асту узр металабад,
Тавон гузашт зи ҷаври рақиб дар ҳама ҳол.
Ба ҷуз хаёли даҳони ту нест дар дили танг,
Ки кас мабод чу ман дар паи хаёли муҳол.
Қатили ишқи ту шуд Ҳофизи ғариб, вале
Ба хоки мо гузаре кун, ки хуни мот ҳалол!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *