Саломун фия ҳатто матлаъ-ул фаҷр.
Дило, дар ошиқӣ собитқадам бош,
Ки дар ин раҳ набошад кори бе аҷр.
Ман аз риндӣ нахоҳам кард тавба,
Валав озитанӣ билҳачр валҳаҷр,
Баро, эй субҳи равшандил, Худоро,
Ки бас торик мебинам шаби хаҷр.
Дилам рафту надидам рӯи дилдор,
Фиғон аз ин татовул, оҳ аз ин заҷр.
Вафо хоҳӣ, ҷафокаш бош, Ҳофиз
Фаиннал рабҳа вал ҳисрона филтаҷр.