Зи боғи орази соқӣ ҳазор лола барояд.
Насим дар сари гул бишқанад кулолаи сунбул,
Чу аз миёни чаман бӯи он кулола барояд.
Ҳикояти шаби ҳиҷрон на он ҳикояти ҳолест,
Ки шаммае зи баёнаш ба сад рисола барояд.
Зи гарди хони нигуни фалак тамаъ натавон дошт,
Ки бе малолати сад ғусса як навола барояд.
Ба саъйи худ натавон бурд пай ба гавҳари мақсуд,
Хаёл бошад, к-ин кор бе ҳавола барояд.
Гарат чу Нӯҳи набӣ сабр ҳаст дар ғами тӯфон,
Бало бигардаду коми ҳазорсола барояд.
Насими зулфи ту чун бигзарад ба турбати Ҳофиз,
Зи хоки колбудаш сад ҳазор нола барояд.