Чӣ Лутф Буд, Ки Ногоҳ Рашҳаи Қаламат

Чӣ лутф буд, ки ногоҳ рашҳаи қаламат
Ҳуқуқи хидмати мо арза кард бар карамат.
Ба нӯки хома рақам кардаӣ саломи маро,
Ки корхонаи даврон мабод бе рақамат.
Нагӯям аз мани бедил ба саҳв кардӣ ёд,
Ки дар ҳисоби хирад нест саҳв бар қаламат,
Маро залил магардон ба шукри ин неъмат,
Ки дошт давлати сармад азизу мӯҳтарамат.
Биё, ки бо сари зулфат қарор хоҳам кард,
Ки гар сарам биравад, барнадорам аз қадамат.
Зи ҳоли мо дилат огаҳ шавад магар вақте,
Ки лола бардамад аз хоки қуштагони ғамат.
Равони ташиаи моро ба ҷуръае дарёб,
Чу медиҳанд зулоли Ҳизир зи ҷоми Ҷамат.
Ҳамеша вақти ту, эй Исии сабо хуш бод,
Ки ҷони Ҳофизи дилхаста зинда шуд ба дамат.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *