Чаро На Дар Паи Азми Диёри Худ Бошам

Чаро на дар паи азми диёри худ бошам
Чаро на хоки сари кӯи ёри худ бошам?
Ғами ғарибиву ғурбат чу барнаметобам,
Ба шаҳри худ раваму шаҳриёри худ бошам.
Зи маҳрамони саропардаи висол шавам,
Зи бандагони худовангори худ бошам.
Чу кори умр на пайдост, боре он авло,
Ки рӯзи воқиа пеши нигори худ бошам.
Зи дасти бахти гаронхобу кори бесомон,
Гарам бувад гилае роздори худ бошам.
Ҳамеша пешаи ман ошиқиву риндӣ буд,
Дигар бикӯшаму машғули кори худ бошам.
Бувад, ки лутфи азал раҳнамун шавад, Ҳофиз,
Вагарна то ба абад шармсори худ бошам.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *