Шамси фалак хиҷил шуда, аз рухи хуби моҳи арз.
Дидани ҳусну хубият бар ҳама халқ воҷиб аст,
Саҷдаи даргаҳи ту бар ҷумла малоик аст фарз
Аз рухи туст муқтабис ҳур зи чаҳорум осмон,
Ҳамчу замини ҳафтумин монда ба зери бори карз,
Ҷон, ки фидои ӯ нашуд, мурдаи ҷовидон бувад,
Тан, ки асири ту нашуд, лоиқи ӯст қатъу фарз.
Бӯса ба хоки пои ӯ даст куҷо диҳад туро?
Қиссаи шавқ, Ҳофизо, бод расонадаш ба арз.