Гуфт:— «Бибахшанд гунаҳ, май бинӯш!»
Лутфи илоҳӣ бикунад кори хеш,
Муждаи раҳмат бирасонад сурӯш.
Ин хиради хом ба майхона бар,
То маи лаъл оварадаш хун ба ҷӯш,
Гарчи висолаш на ба кӯшиш диҳанд,
Ҳар кадар, эй дил, ки тавонӣ бикӯш.
Лутфи худо бештар аз ҷурми мост,
Нуктаи сарбаста чӣ донӣ, хамӯш!
Гӯши ману ҳалқаи гесуи ёр,
Рӯи ману хоки дари майфурӯш!
Риндии Ҳофиз на гуноҳест саъб
Бо карами подшаҳи айбпӯш.
Довари дин шоҳ Шуҷоъ, он, ки кард,
Рӯҳқудус халқаи амраш ба гӯш.
Эй малик-ул-арш муродаш бидеҳ
В-аз хатари чашми бадаш дор гӯш.