Ки кашам рахт ба майхонаву хуш биншинам.
Ҷоми май гираму аз аҳли риё дур шавам,
Яъне аз халқи ҷаҳон покдиле бигзинам.
Ҷуз суроҳиву китобам набувад ёри надим,
То ҳарифони дағоро ба ҷаҳон кам бинам.
Сар ба озодагӣ аз халқ барорам чун сарв,
Гар диҳад даст, ки доман зи ҷаҳон дарчинам.
Баски дар хирқаи олуда задам лофи салоҳ
Шармсори рухи соқиву маи рангинам.
Синаи танги ману бори ғами ӯ, ҳайҳот,
Марди ин бори гарон нест дили мискинам.
Бандаи Осафи аҳдам, дилам аз роҳ мабар,
Ки агар дам занам, аз чарх бихоҳад кинам.
Бар дилам гарди ситамҳост, худоё маписанд,
Ки муқаддар шавад оинаи меҳроинам.
Ман агар ринди хароботаму гар Ҳофизи шаҳр,
Ин матоам, ки ҳамебиниву камтар з-инам.