Ҳасби Ҳоле Нанавиштиву Шуд Айёме Чанд,

Ҳасби ҳоле нанавиштиву шуд айёме чанд,
Маҳраме ку, ки фиристам ба ту пайғоме чанд?
Мо бад-он мақсади олӣ натавонем расид,
Ҳам магар пеш ниҳад лутфи шумо гоме чанд.
Чун май аз хум ба сабӯ рафту гул афганд ниқоб,
Фурсати айш нигаҳ дору бизан ҷоме чанд.
Қанди омехта бо гул на илоҷи дили мост,
Бӯсае чанд баромез ба дашноме чанд.
Зоҳид, аз кӯчаи риндон ба саломат бигузар,
То харобат накунад сӯҳбати бадноме чанд.
Айби май ҷумла чу гуфтӣ, ҳунараш низ бигӯй,
Нафи ҳикмат макун аз баҳри дили оме чанд.
Эй гадоёни харобот, Худо ёри шумост,
Чашми инъом мадоред зи анъоме чанд.
Пири майхона чӣ хуш гуфт ба дурдикаши хеш,
Ки: «Магӯ ҳоли дили сӯхта бо хоме чанд».
Ҳофиз аз шавқи рухи меҳрфурӯғи ту бисӯхт,
Комгоро, назаре кун сӯи нокоме чанд.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *