Ҳамин На Қиссаи Он Шӯхи Бевафо Гӯям,

Ҳамин на қиссаи он шӯхи бевафо гӯям,
Ки боз чун бирасад, боз аз ибтидо гӯям,
Худойро, ки бубин, эй рафиқ мислиҳате,
Ки ҳоли хеш бигӯям ба ёр, то гӯям.
Шабе ба он маҳ агар сӯҳбат иттифоқ афтад,
Зи ман фасона агар бишнавад, чиҳо гӯям?
Гиреҳ-гиреҳ шуда хун дар дилам, вале зи касе
Чу кори ман накушояд, аз он чаро гӯям?
Кунам ҳикояти ӯ бо хаёли ӯ ҳама шаб,
Зи ошно сухане пеши ошно гӯям,
Ба як сухан нанавозӣ аз он лабам, Ҳофиз,
Ту худ бигӯй, ки ман ин сухан куҷо гӯям?
Магӯ: «Давои худ аз дигарон талаб, Ҳофиз!»
Куҷо равам, чӣ кунам, дарди худ киро гӯям?
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *