Кунӣ ту ноз ба шӯхиву ман кашам ба ниёз,
Чу ғунча сирри дарунаш куҷо ниҳон монад
Дили маро, ки насими сабост маҳрами роз.
Чӣ ҳалқаҳо, ки задам бар дари дил аз сари сӯз,
Ба бӯи субҳи висоли ту дар шабони дароз.
На ин замон мани шӯридадил ниҳодам рӯй,
Бар остони ту, к-андар азал ба сӯзу ниёз.
Дило, манол зи шоме, ки субҳ дар паи ӯст,
Кн нешу нӯш ба ҳам бошаду нишебу фароз.
Ба як-ду қатра, ки исор кардӣ, эй хоҷа,
Басо, ки бар рухи давлат кунӣ карашмаву ноз,
Ғубори хотири мо чашми хасм кӯр кунад,
Ту рух ба хок бинеҳ, Ҳофизо, бисӯзу бисоз!