Хуштар Аз Кӯи Харобот Набошад Ҷое,

Хуштар аз кӯи харобот набошад ҷое,
Гар ба пиронасарам даст диҳад маъвое.
Орзу мекунадам, — аз ту чӣ пинҳон дорам?
Шишае бодаву кунҷеву рухи зебое.
Ҷои ман дайри муғон аст, мураввеҳ ватане.
Рои ман рои бутон аст, муборак рое!
Чӣ кунӣ, гӯш, ки дар даҳр чу ман шайдо нест,
Нест ин ҷуз сухани булҳаваси раъное.
Боадаб бош, ки ҳар кас натавонад гуфтан,
Сухани пир магар барҳамане доное.
Санамо, ғайри ту дар хотири мо кай ғунҷад,
Ки маро нест ба ғайр аз ту ба кас парвое!
Раҳм кун бар дили маҷрӯҳу хароби Ҳофиз,
3-он, ки ҳаст аз паи имрӯз яқин фардое.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *