Роҳати ҷон талабам в-аз паи ҷонон биравам.
Гарчи донам, ки ба ҷое набарад роҳ ғариб,
Ман ба бӯи сари он зулфи парешон биравам.
Дилам аз ваҳшати зиндони Сикандар бигирифт,
Рахт барбандаму то мулки Сулаймон биравам.
Чун сабо бо дили бемору тани бетоқат
Ба ҳаводории он сарви хиромон биравам.
Дар раҳи ӯ чу қалам гар ба сарам бояд рафт,
Бо дили захмкашу дидаи гирён биравам.
Назр кардам, гар аз ин ғам бадар оям рӯзе,
То дари майкада шодону ғазалхон биравам.
Ба ҳаводории ӯ заррасифат рақскунон,
То лаби чашмаи хуршеди дурахшон биравам.
Тозиёнро ғами аҳволи гаронборон нест,
Порсоён, мададе, то хушу осон биравам!
В-ар чу Ҳофиз зи биёбон набарам раҳ берун,
Ҳамраҳи кавкабаи Осафи даврон биравам.