Хусраво, Гӯи Фалак Дар Хами Чавгони Ту Бод!

Хусраво, гӯи фалак дар хами чавгони ту бод!
Соҳати кавну макон арсаи майдони ту бод!
Зулфи хотуни зафар шефтаи парчами туст,
Дидаи фатҳи абад ошиқи ҷавлони ту бод!
Эй, ки иншои Уторид сифати шавқати туст,
Ақли кул чокари туғрокаши девони ту бод!
Тайраи ҷилваи Тӯбо қади чун сарви ту шуд,
Ғайрати хулди барин соҳати бустони ту бод!
На ба танҳо ҳаявоноту набототу ҷамод,
Ҳар чӣ дар олами амр аст, ба фармони ту бод!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *