Чун кӯи дӯст ҳаст, ба саҳро чи ҳоҷат аст?
Ҷоно, ба хоҷате, ки туро ҳаст, бо Худо,
К-охир даме бипурс, ки моро чӣ ҳоҷат аст?
Эй подшоҳи ҳусн, Худоро, бисӯхтем,
Охир, суол кун, ки гадоро чӣ ҳоҷат аст?
Арбоби хоҷатему забони суол нест,
Дар ҳазрати карим таманно чӣ ҳоҷат аст?
Мӯҳтоҷи қисса нест, гарат қасди хуни мост,
Чун рахт аз они туст, ба яғмо чӣ ҳоҷат аст?
Ҷоми ҷаҳоннамост замири мунири дӯст,
Изҳори эҳтиёҷи худ он ҷо чӣ ҳоҷат аст?
Он шуд, ки бори миннати маллоҳ бурдамӣ,
Гавҳар чу даст дод, ба дарё чӣ ҳоҷат аст?
Эй муддаӣ, бирав, ки маро бо ту кор нест,
Аҳбоб ҳозиранд, ба аъдо чӣ ҳочат аст?
Эй ошиқи гадо, чу лаби рӯҳбахши ёр,
Медонадат вазифа, тақозо чӣ ҳоҷат аст?
Ҳофиз, ту хатм кун, ки ҳунар худ аён шавад,
Бо муддаӣ низоъу муҳоко чӣ ҳоҷат аст?