Хаёли Рӯи Ту Чун Бигзарад Ба Гулшани Чашм,

Хаёли рӯи ту чун бигзарад ба гулшани чашм,
Дил аз паи назар ояд ба сӯи равзани чашм.
Сазои такягаҳат манзаре намебинам,
Манам зи оламу ин гӯшае муайяни чашм.
Биё, ки лаълу гуҳар дар нисори мақдами ту
Зи ганҷхонаи дил мекашам ба махзани чашм.
Саҳар сиришки равонам сари харобӣ дошт,
Гарам на хуни ҷигар мегирифт домани чашм.
Нахуст рӯз, ки дидам рухи ту, дил мегуфт:
«Агар расад халале, хуни ман ба гардани чашм».
Ба бӯи муждаи васли ту то саҳар шаби дӯш
Ба роҳи бод ниҳодам чароғи равшани чашм.
Ба мардумӣ, ки дили дардманди Ҳофизро
Мазан ба новаки дилдӯзи мардумафгани чашм.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *