Ба сурати ту нигоре надидаму нашунидам.
Умеди хоҷагиям буд, бандагии ту ҷустам,
Ҳавои салтанатам буд, хидмати ту гузидам.
Агарчи дар талабат ҳаминони боди шамолам,
Ба гарди сарви хиромони қоматат нарасидам.
Ба шавқи чашмаи нӯшат чӣ қатраҳо, ки фишонда
Зи лаъли бодафурӯшат, чӣ ишваҳо, ки харидам.
Зи ғамза бар дили решам чӣ тирҳо, ки кушодӣ,
Зи ғусса бар сари кӯят чӣ борҳо, ки кашидам.
Зи кӯи ёр биёр, эй насими субҳ ғуборе,
Ки бӯи хуни дили реш аз он туроб шунидам.
Гуноҳи чашми сиёҳи ту буду гардани дилхоҳ,
Ки ман чу оҳуи ваҳшӣ зи одамӣ бирамидам.
Чу ғунча бар сарам аз кӯи ӯ гузашт насиме,
Ки парда бар дили хунин ба бӯи ӯ бидаридам.
Ба хоки пои ту савганду нури дидаи Ҳофиз,
Ки бе рухи ту фурӯғ аз чароғи дида надидам.